5 Октябр 2020 - 12:21
Мардуми Бағдод бори дигар аз озмоиши системаи мушакии сафорати Амрико ба ҳарос афтоданд

Садои сирена ва тирандозии муҳимоти ҷангӣ барои таҷдиди системаи дифоъи зиддимушакӣ дар сафорати Амрико дар Бағдод бори дигар мардуми шаҳрро ба даҳшат овард.

ABNA24 : Ба гузориши «Собирин нюз», нерӯҳои махсуси Амрико имрӯз  якшанбе бо истифода  аз муҳиммоти ҷангӣ, сомонаи ҷадиди дифои мушакии бо номи "Си Эр Эй Эм " ( CRAM )-ро дар сафоратхонаи Амрико дар Бағдод озмоиш карданд.

Сафоратхонаи Амрико дар Бағдоди авосити ҳафтаи гузашта низ ин сомонаи ҷадиди мушакиро бо шиллик  муҳиммоти ҷангӣ озмоиш кард, ки мӯҷиби сару садоҳои зиёдӣ дар дохили пойтахт ва ваҳшати аҳолии он шуд .
Сафоратхонаи Амрико дар Бағдод то кунун дар бораи ин ки анҷоми ин тамринҳои низомӣ бо ҳамоҳангии давлати Ироқ  сурат  гирифта ё хайр, тавзеҳе надодааст .

Бисёре аз пешвоёни сиёсии Ироқ мӯътақиданд, ки сафорати Амрико бештар аз як пойгоҳи дипломатӣ ба як пойгоҳи низомӣ табдил ёфтааст ва ин таҳдид ба амнияти Бағдод ва дар маҷмӯъ Ироқ аст.
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанду порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст .

342/